Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Ҳукми табобат бо мусиқӣ

9324

Таърихи нашр : 11-10-2026

Мушоҳидаҳо : 1

Савол

Ҳукми табобат бо мусиқӣ чӣ гуна аст, дар ҳоле ки баъзеҳо иддао мекунанд, ки мусиқӣ фоидаовар буда, асабҳоро ором месозад?

Матни ҷавоб

Табобат бо мусиқӣ асосе надорад, балки он аз корҳои аҳмақон ба шумор меравад. Мусиқӣ табобат нест, балки худ як навъ беморӣ аст ва аз ҷумлаи олоти беҳудаву саргармкунанда мебошад. Он барои дилҳо беморӣ буда, боиси инҳирофи ахлоқ (ва коста шудани рафтори инсон) мегардад.
Табобати судманд ва оромбахши нафсҳо ин аст, ки ба беморон тиловати Қуръон, панду мавъизаҳои судманд ва ҳадисҳои фоидабахш шунавонида шавад. Аммо табобат бо мусиқӣ ва дигар олоти навозандагӣ аз ҷумлаи корҳоест, ки инсонро ба ботил одат мекунонад ва бемориашро боз меафзояд. Ҳамчунин, он шунидани Қуръон, суннат ва панду мавъизаҳои судмандро барояшон душвор мегардонад.

Ва ҳеҷ тавону қудрате ҷуз ба ёрии Аллоҳ нест.

Сарчашма: Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолоту мутанаввиа"-и шайх, аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). Ҷ/9 Саҳ/417.