Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Ҳукми қарз гирифтан аз шахсе, ки молаш ҳаром аст

74986

Таърихи нашр : 26-03-2026

Мушоҳидаҳо : 61

Савол

Оё ҷоиз аст, ки аз шахсе қарз бигирам, ки тиҷораташ ба ҳаром машҳур буда, худ низ ба корҳои ҳаром машғул аст?

Матни ҷавоб

"Эй бародар, бароят шоиста нест, ки аз чунин шахс қарз бигирӣ ё бо ӯ муомила намоӣ, то замоне ки муомилоти ӯ бар ҳаром асос ёфта, ба муомилоти ҳаром — аз ҷумла рибо ва ғайра — маъруф аст. Аз ин рӯ, бароят ҷоиз нест, ки бо ӯ муомила кунӣ ва ё аз ӯ қарз бигирӣ; балки бар ту воҷиб аст, ки аз чунин корҳо парҳез намоӣ ва аз он дурӣ ҷӯӣ.

Аммо агар ӯ ҳам бо ҳаром ва ҳам бо ҳалол муомила дошта бошад, яъне фаъолияти молии ӯ омехта аз поку нопок бошад, дар ин сурат ҳеҷ боке нест, вале худдорӣ аз он беҳтар аст; бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):

«Он чиро, ки туро ба шак меандозад, раҳо кун ва ба сӯи он чӣ шакке дар он нест, рӯй овар».   Тирмизӣ (2518) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Ҳамчунин бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):

«Ҳар кас аз шубҳаҳо парҳез намояд, дин ва обрӯи худро пок нигоҳ доштааст».   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Ҳамчунин бар асоси фармудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):

«Гуноҳ он аст, ки дар дили ту изтироб эҷод мекунад ва намехоҳӣ мардум аз он огоҳ шаванд».   Тирмизӣ (2389) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Пас, мӯъмин аз чизҳои шубҳанок дурӣ меҷӯяд. Агар бидонӣ, ки тамоми муомилоти ӯ ҳаром аст ва ба тиҷорати ҳаром машғул мебошад, пас бо чунин шахс муомила карда намешавад ва аз ӯ қарз гирифта намешавад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (19/286).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб