Умра кардан аз номи шахси фавтида мутлақан ҷоиз аст, хоҳ кӯдак бошад ё калонсол.
Ибни Қудома (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) гуфтааст:
"Аммо дар мавриди шахси фавтида, анҷом додани ҳаҷҷу умра аз номи ӯ бидуни иҷозат ҷоиз аст, хоҳ он фариза бошад ва хоҳ нофила. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амр намудааст, ки аз номи шахси фавтида ҳаҷ анҷом дода шавад ва маълум аст, ки аз ӯ иҷозат гирифта намешавад. Ва ҳар чизе, ки анҷоми фарзаш ҷоиз бошад, анҷоми нафлаш низ ҷоиз аст, монанди садақа". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (3/227).
Анҷоми ҳаҷ ва умра аз ҷониби кӯдак саҳеҳ шуморида шуда, ӯ барои анҷоми ҳардуи ин амалҳо савоб мегирад. Чунон ки Муслим (1336) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз ҳар дуи онҳо хушнуд бод) ривоят кардааст, ки ӯ мегӯяд: Зане кӯдакеро бардошта, гуфт: "Эй расулуллоҳ, оё барои ин кӯдак ҳаҷ ҳисобида мешавад?" Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Бале ва ту низ савоб мегирӣ».
Дар китоби "Шарҳу мунтаҳа-л-иродот" (1/513) омадааст:
Ҳаҷ ва умра аз ҷониби кӯдак — хоҳ писар бошад ва хоҳ духтар — саҳеҳ мебошад, ҳатто агар ӯ навзод бошад ва ҳамагӣ лаҳзае пеш ба дунё омада бошад; зеро дар ҳадиси Ибни Аббос омадааст, ки зане кӯдакеро бардошта, гуфт: Эй расулуллоҳ, оё барои ин кӯдак ҳаҷ ҳисобида мешавад? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Бале ва ту низ савоб мегирӣ». Поёни сухан.
Шайхулислом Ибни Таймия (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) гуфтааст:
"Ҷумҳури уламо бар ин назаранд, ки савоби ибодати кӯдак ба худи ӯ тааллуқ дорад". Поёни сухан аз "Ал-Фатово-л-кубро" (5/318).
Модоме ки анҷоми ҳаҷ ва умра аз ҷониби кӯдак саҳеҳ шуморида шуда, ӯ барои ин амалҳо савоб мегирад, пас маълум мешавад, ки анҷом додани ин амалҳо аз номи ӯ низ ҷоиз мебошад ва ин боиси афзоиши савоби ӯ мегардад. Маълум аст, ки кӯдак мукаллаф нест: барои ӯ некиҳо сабт мешаванд ва гуноҳон бар ӯ навишта намешаванд.
Ҳамчунин, ҳар касе умраро аз номи шахси дигаре ба ҷо оварад, савоб меёбад, чунонки дар ҷавоби саволи рақами (174707) баён гардидааст.
Аллоҳ донотар аст.