Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

То ҳадди тавонатон аз Аллоҳ битарсед

Савол

Мо гурӯҳе аз дӯстон будем, ки барои баҳсу гуфтугӯ атрофи масъалаҳои динӣ ва дунявӣ ҷамъ меомадем. Дар яке аз чунин нишастҳо яке аз ҳозирин саволе матраҳ кард ва гуфт: Оё як мусалмон метавонад зиндагии худро сад дар сад исломӣ ба роҳ монад, дар ҳоле ки ҳамзамон дар ҷомеаи худ зиндагӣ мекунад ва бо он муомила ва ҳамзистӣ дорад — бо тамоми паҳлуҳои мусбат ва манфӣ, таъсиргузор ва таъсирпазирии он? Яъне ба ибораи дигар, агар ӯ бихоҳад аз ҳар он чи Аллоҳ ҳаром гардондааст, комилан дурӣ ҷӯяд, аз тамоми он чи дар Китоби карими Худ ҳалол намудааст, баҳраманд шавад, ҳамчунин мувофиқи суннати паёмбари баргузидаи Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амал кунад — дар он чи иҷоза додааст, пайравӣ намояд ва аз он чи манъ кардааст, худдорӣ кунад, оё чунин зиндагӣ дар шароити ҷомеаи имрӯза имконпазир аст?

Матни ҷавоб

Мусалмон маъсум (бехато) нест. Ҳар як фарзанди Одам хатокор аст (ногузир ба хато роҳ медиҳад) ва беҳтарин хатокорон ононе ҳастанд, ки пайваста тавба мекунанд, чунонки дар ҳадиси шариф омадааст. Бо вуҷуди ин, барои мусалмон имконпазир аст, ки дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ намуда, то ҳадди тавоноии худ дини худро ҳифз ва риоя кунад, бо такя ба фармудаи Аллоҳ таъоло:

فَاتَّقُوا اللهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ

سورة التغابن: ١٦

«Пас то ҳадди тавонатон аз Аллоҳ битарсед».   (Сураи Тағобун: 16).
Ин ҳолат ба дини ӯ осеб намерасонад, агар баъзе иштибоҳҳое аз ӯ сар зананд, ки қасдан анҷом надодааст, ё он амалҳоро бар асоси иҷтиҳод, донишу маълумоти мавҷудаи худ ҷоиз пиндошта бошад, ё дар бораи онҳо аз бархе аз аҳли илм пурсиш карда, фатвое гирифта бошад, вале он фатво бо Шариати пок мувофиқат накарда бошад.

Хулоса, вазифаи мусалмон он аст, ки то ҳадди тавоноӣ аз Аллоҳ битарсад, он чиро ки Аллоҳ бар ӯ ҳаром гардондааст, ҳаром бидонад, ва дар иҷрои он чи Аллоҳ бар ӯ фарз намудааст, саъю кӯшиш намояд. Ва агар лағжиш ё хатое аз ӯ сар зад, бояд фавран ба тавбаи ростин ва холисона шитобад.

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Ҷаноби Шайх Аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҷилди/4, саҳ/417