Зоҳир шудани се нишонаи бузург — Маҳдӣ, Доҷҷол ва нузули Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) — ҳатман рух хоҳад дод, чуноне ки дар далелҳои саҳеҳ зикр шудааст. Зуҳури ин се нишона ба ҳам наздиканд, зеро Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар паси Маҳдӣ намоз мегузорад ва Доҷҷолро мекушад, чунончи дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст. Аммо оиди замони рух додани ин воқеаҳо, Аллоҳ таъоло онро медонад. Дар мавриди он, ки оё он ба зудӣ рух медиҳад, далелҳои Шариъат ба он далолат мекунад, вале он дар замони ҳаёти мо хоҳад шуд ё баъд аз мо — ин аз ҷумлаи ғайб аст ва онро танҳо Аллоҳ медонад. Мусалмон бояд аз тамоми фитнаҳо, хусусан аз фитнаи Доҷҷол ба Аллоҳ паноҳ бибарад ва дар ниҳону ошкор аз Аллоҳ таъоло талаб намояд, ки ӯро дар зиндагии дунё ва дар охират ба сухани устувор пойдор дорад.