Душанбе 12 Ҷумода-л-охира 1448 - 23 Ноябр 2026
Тоҷикӣ

Кор кардан дар бонки рибавӣ ба ҳайси муҳандиси низоми иттилоотӣ

2834

Таърихи нашр : 12-11-2026

Мушоҳидаҳо : 57

Савол

Як муҳандиси низоми иттилоотӣ, ки дар шуъбаи компютерии яке аз бонкҳо кор мекунад, ба ман пешниҳоди издивоҷ кардааст. Мехоҳам ҳукми қабули ин пешниҳодро бидонам. Ман нигаронам, ки оё ин касб ҳалол аст ё ҳаром?

Матни ҷавоб

Агар бонки мазкур рибавӣ бошад, кор кардан дар он ҷоиз нест. Зеро дар ҳадиси Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мефармояд:
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, котиби муомилаҳои рибавӣ ва ду шоҳиди онро лаънат карда, фармудааст: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».
Ин ҳадисро Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ (2995) ривоят кардааст.

Аз Аллоҳ мехоҳем, ки дар ивази он, беҳтар аз онро насиби шумо гардонад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид