Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Ҳукми истифодаи сурма, ҳино ва василаҳои ороиш дар рӯзонаи моҳи Рамазон

Савол

Ҳукми истифодаи сурма ва баъзе воситаҳои ороиш барои занон дар рӯзонаи моҳи Рамазон чӣ гуна аст? Оё ин чизҳо рӯзаро мешикананд ё не?

Матни ҷавоб

Тибқи дурусттарин дидгоҳи донишмандон, сурма рӯзаи занон ва мардонро намешиканад. Аммо барои рӯзадор беҳтар аст, ки онро дар шаб истифода намояд.
Ҳамчунин чизҳое, ки барои зебо кардани рӯй истифода мешаванд, монанди собун, равғанҳо (кремҳо ва марҳамҳо) ва дигар маводе, ки ба рӯи пӯст марбутанд, рӯзаро намешикананд. Ба ҳамин гурӯҳ ҳино, мекияж ва монанди инҳо низ дохил мешаванд. Аммо агар мекияж ба пӯсти рӯй зарар расонад, набояд истифода шавад.

Сарчашма: Фатвои Шайх Ибни Боз аз китоби "Ал-Фатово-л-ҷомиъа" ҷ/ саҳ/349