Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амр кардааст, ки яҳудиён аз нимҷазираи Араб берун карда шаванд ва фармудааст, ки дар нимҷазираи Араб ду дин набояд якҷоя бошанд. Ин ҳукми Шариъат аст. Ҷоиз нест, ки ягон мушрике дар он ҷо бимонад. Аммо вуҷуд доштани яҳудиён дар Мадина, Хайбар ва ғайра — ин пеш аз амри ихроҷи онҳо буд, чунон ки маълум аст. Дастур ва васият ба ихроҷи онҳо дар замони бемории охирини паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) содир гардид ва пас аз он Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) онҳоро ихроҷ кард.