Ҷумъа 26 Рабиъу-л-охир 1448 - 9 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Ҳукми вузӯ дар сурати мавҷуд будани боқимондаи ғизо байни дандонҳо

Савол

Ҳангоми хӯрок хӯрдан баъзе пораҳои ғизо байни дандонҳо боқӣ мемонанд. Агар ҳангоми вузӯ ё ғусл кардан ин боқимондаҳоро берун карда натавонем, оё вузӯ ё ғусли мо саҳеҳ мешавад?

Матни ҷавоб

Вузӯ ва ғусл саҳеҳ аст, агарчи байни дандонҳо миқдоре аз боқимондаи ғизо боқӣ монда бошад. Аммо тоза кардани боқимондаҳои ғизо аз байни дандонҳо беҳтар аст.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 5/234