Истифодаи дастмоли коғазӣ, коғази ҳоҷатхона ва чизҳои монанди он барои истиҷмор (пок кардани авратҳо пас аз пешоб ё наҷосат бо санг, кулӯх, коғаз ва монанди инҳо) ҷоиз аст. Агар ду махраҷро тоза ва пок кунӣ, кофӣ мебошад. Беҳтар аст чизҳое, ки барои истиҷмор истифода мешавад, тоқ бошанд — се дона коғази ҳоҷатхона ё се дона санг ва монанди инҳо — ва набояд камтар аз се бор пок кард. Пас аз он истифодаи об воҷиб нест, вале истифодаи он суннат аст.