Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Оё ӯ метавонад бародари ҳиндуяшро бо пул кӯмак бикунад?

105426

Таърихи нашр : 28-09-2025

Мушоҳидаҳо : 43

Савол

Чӣ гуна метавонам дар канори бародари ҳиндуям, ки издивоҷ карда истодааст, биистам ва ба ӯ кӯмак расонам? Бояд қайд кард, ки ӯ борҳо маро дастгирӣ кардааст. Вақте ки ман қарздор будам, барои пардохт кардани қарзам ба ман кӯмак карда буд. Ҳатто як бор, вақте ки ҳиндуҳо ба дини ман ҳамла карданд, ӯ дар муқобили онҳо истода, аз ман дифоъ карда буд. Оё ман метавонам ӯро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунам ва то анҷоми издивоҷаш дар канораш бошам?

Матни ҷавоб

"Ҳеҷ боке нест, ки бо бародари кофири худ бо пулу тӯҳфа робитаи хешутабориро нигоҳ доред, хусусан агар ӯ дар гузашта ба шумо кӯмак карда бошад. Шумо бояд бар ивази ин корҳояш ба ӯ мукофот бидиҳед.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

لَا يَنْهَاكُمُ اللّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

سورة الممتحنة: ٨

«Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад».   (Сураи Мумтаҳана: 8).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдулазиз Оли Шайх .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён .. Шайх Солеҳ Ал-Фавзон .. Шайх Бакр Абузайд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (25/379).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб