Омӯхтани руқияи шаръӣ ба умеди нафъ расонидан ба мусулмонон ва табобати ин гуна бемориҳои душвортабобат мустаҳаб аст, зеро Китоби Аллоҳ шифои судманду фоидабахш мебошад. Аммо барои марди бегона (номаҳрам) ҷоиз нест, ки ҳангоми хондани руқия ба ягон қисми бадани зан даст расонад. Ҳамчунин, барои зан ҷоиз нест, ки ягон қисми пӯсти бадани худро, аз қабили сина, гардан ва монанди инҳоро ошкор намояд. Балки бар ӯ руқия мехонад, ҳатто агар ӯ худро пурра пӯшонида бошад ҳам ва ин кор, дар ҳар ҳолат, судманд аст.
Ҳамчунин, барои хоҳарони хонанда (Қуръонхон) мустаҳаб аст, ки руқияи шаръиро омӯзанд, ба умеди он ки ба василаи он занони боҳаёи покдоманро табобат намоянд.
Аллоҳ донотар аст.