Имом Сарахсӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Ҳеҷ боке нест, ки мусалмон хонаашро ба зиммӣ барои истиқомат иҷора бидиҳад. Агар ӯ дар он ҷо шароб бинӯшад, ё салибро ибодат бикунад, ё хукҳоро ба он ҷо оварад, мусалмон ба хотири ҳеҷ яке аз ин амалҳо гуноҳкор намешавад, зеро ӯ хонаашро барои ин амалҳо иҷора надодааст. Гуноҳ бар дӯши иҷорагир аст, ки ин корҳоро бе нияти соҳиби хона анҷом додааст, бинобар ин, дар ин амал бар соҳиби хона гуноҳе нест. Поёни сухан аз китоби "Ал-Мабсут" 16/39.