Шанбе 23 Муҳаррам 1447 - 19 Июл 2025
Тоҷикӣ

Оё Ҳаҷару-л-асвад аз осмон аст?

21402

Таърихи нашр : 08-06-2025

Мушоҳидаҳо : 12

Савол

Аз Умар ривоят шудааст, ки ӯ Ҳаҷару-л-асвадро бӯсида гуфт: "Ман медонам, ки ту танҳо як санг ҳастӣ, ки на фоида мерасонӣ ва на зарар. Агар намедидам, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) туро мебӯсад, ман туро намебӯсидам". Оё Ҳаҷару-л-асвад аз осмон омадааст, ё мисли дигар сангҳо аст? Мақсад аз гузоштани ин санг дар он макон чист? Баъзе одамон гумон мекунанд, ки он қиблаи мусалмонон дар намозҳояшон аст — паноҳ ба Аллоҳ.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳаҷару-л-асвад санги махсусе аст, ки Аллоҳ таъоло бӯсидан ва ламс кардани онро барои мо машрӯъ кардааст. Аллоҳ таъоло хостааст, ки он дар яке аз гӯшаҳои Каъба, ки дар намоз ба он рӯ меоварем, гузошта шавад. Барои тавофкунандагон машрӯъ шудааст, ки агар тавонанд, онро бибӯсанд ё ламс кунанд (яъне дастони худро ба он бимоланд), вале агар муяссар нашавад, ҳангоме ки ба рӯ ба рӯи он бирасанд, ба он ишора кунанд ва "Аллоҳу акбар" бигӯянд.

Дар ҳадисе, ки Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд, омадааст ки Ҳаҷару-л-асвад аз осмон фуруд омадааст. Вале дар санади он заъф вуҷуд дорад... (Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст ва Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" 695 саҳеҳ донистааст).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (Фатовои Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатво: 12/228)