Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Ҳукми дастфишорӣ бо пиразан

14508

Таърихи нашр : 06-10-2025

Мушоҳидаҳо : 46

Савол

Ҳукми дастфишорӣ бо зани бегона (номаҳрам), агар ӯ пир бошад, чист? Ҳамчунин мепурсад, ки агар ӯ дасташро бо чизе пӯшонад, масалан бо қисми либос ё бо чизи дигаре пӯшонад, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Дастфишорӣ бо занони номаҳрам мутлақан ҷоиз нест, фарқе надорад, ки зан ҷавон бошад ё пиразан ва ё марде, ки даст медиҳад, ҷавон бошад ё пирамард, зеро ин амр метавонад боиси фитна барои ҳар ду тараф гардад.

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ман бо занон дастфишорӣ намекунам».

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст:

«Ҳаргиз дасти расулуллоҳ ба дасти зани номаҳраме нарасидааст. Ӯ байъати онҳоро танҳо ба сухан қабул мекард».

Фарқ надорад, ки ҳангоми дастфишорӣ байни дастон чизе (яъне чодар, порча, матоъ ва ё қисмати либос) гузошта шавад ё чизе гузошта нашавад, зеро далелҳо умумӣ мебошанд ва бояд василаҳову роҳҳои фитна баста шаванд.

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Ибни Боз 6/280