Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ҳукми табобат бо мусиқӣ чӣ гуна аст, дар ҳоле ки баъзеҳо иддао мекунанд, ки мусиқӣ фоидаовар буда, асабҳоро ором месозад?
Табобат бо мусиқӣ асосе надорад, балки он аз корҳои аҳмақон ба шумор меравад. Мусиқӣ табобат нест, балки худ як навъ беморӣ аст ва аз ҷумлаи олоти беҳудаву саргармкунанда мебошад. Он барои дилҳо беморӣ буда, боиси инҳирофи ахлоқ (ва коста шудани рафтори инсон) мегардад.
Табобати судманд ва оромбахши нафсҳо ин аст, ки ба беморон тиловати Қуръон, панду мавъизаҳои судманд ва ҳадисҳои фоидабахш шунавонида шавад. Аммо табобат бо мусиқӣ ва дигар олоти навозандагӣ аз ҷумлаи корҳоест, ки инсонро ба ботил одат мекунонад ва бемориашро боз меафзояд. Ҳамчунин, он шунидани Қуръон, суннат ва панду мавъизаҳои судмандро барояшон душвор мегардонад.
Ва ҳеҷ тавону қудрате ҷуз ба ёрии Аллоҳ нест.