Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Дар Бритониё мо дар ҳоҷатхона барои истинҷо дастмоли коғазӣ ва коғазро истифода мебарем. Оё пас аз истифодаи дастмоли коғазӣ бояд об ҳам истифода бурд ё не?
Истифодаи дастмоли коғазӣ, коғази ҳоҷатхона ва чизҳои монанди он барои истиҷмор (пок кардани авратҳо пас аз пешоб ё наҷосат бо санг, кулӯх, коғаз ва монанди инҳо) ҷоиз аст. Агар ду махраҷро тоза ва пок кунӣ, кофӣ мебошад. Беҳтар аст чизҳое, ки барои истиҷмор истифода мешавад, тоқ бошанд — се дона коғази ҳоҷатхона ё се дона санг ва монанди инҳо — ва набояд камтар аз се бор пок кард. Пас аз он истифодаи об воҷиб нест, вале истифодаи он суннат аст.