Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Чашидани маззаи хӯрок ба хотири зарурат (ҳангоми рӯза) ва фурӯ бурдани он аз рӯи фаромӯшӣ

Савол

Ҳамсарам аз ман хоҳиш кард, ки дар омода намудани ифтор ба ӯ кӯмак расонам. Ҳангоми кӯмак ба ӯ, аз рӯи фаромӯшӣ намаки хӯрокро чашидам. Оё бо ин амал рӯзаам ботил мешавад? Зеро кореро анҷом додаам, ки аз нигоҳи Шариъат ва урф бар ман воҷиб набуд. Аллоҳ шуморо дар паноҳи Худ нигоҳ дорад.

Матни ҷавоб

Барои рӯзадор чашидани маззаи хӯрок дар ҳолати зарурат ҳеҷ ишколе надорад, ба шарте ки онро танҳо ба нӯги забон гузошта, сипас аз даҳонаш берун андозад ва чизе аз онро фурӯ набарад, хоҳ рӯзадор мард бошад ё зан.

Агар рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ чизе аз онро фурӯ барад, бар ӯ ҳеҷ чиз воҷиб намегардад ва бояд рӯзаашро идома диҳад. Ин бар асоси далелҳои умумиест, ки бар маъзур будани фаромӯшкор дар Шариъат далолат мекунад, инчунин ба далели сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки фармудааст:
«Касе, ки ҳангоми рӯза фаромӯш кунад ва бихӯрад ё бинӯшад, пас бояд рӯзаашро идома бидиҳад, зеро Аллоҳ ӯро хӯрондаву нӯшондааст».

Муттафақун алайҳ, ривояти Бухорӣ (1399) ва Муслим (1155).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб