Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Зане мехоҳад ба Ислом дарояд. Оё ду фарзандаш низ бояд калимаи шаҳодатро бихонанд?

Савол

Ман дар ҳоли тарки масеҳият ва гаравидан ба Ислом қарор дорам. (Яъне ман ба зудӣ дини насрониро тарк намуда, ба дини Ислом мегузарам). Ман нӯҳ сол боз бевазан ҳастам. Ман як писари 14-сола ва як духтари 11-сола дорам. Ман медонам, ки (барои ворид шудан ба дини Ислом) бояд "шаҳодатайн"-ро бихонам. Оё барои писару духтарам низ зарур аст, ки "шаҳодатайн"-ро бихонанд?

Матни ҷавоб

Гуфтани "Шаҳодатайн" шартест барои дохил шудан ба дини Ислом. Аммо касе ки аз падару модари мусалмон ба дунё омадааст, зарур нест, ки "Шаҳодатайн"-ро ба забон оварад, зеро ӯ ҳукман мусалмон ҳисобида мешавад, магар он ки амалеро анҷом бидиҳад, ки Исломро ботил гардонад.

Аммо касе ки аз падару модари ғайримусалмон ба дунё омадааст, ӯ низ бояд мисли падару модараш "Шаҳодатайн"-ро бихонад.

Сарчашма: Шайх: Абдулкарим Ал-Хузайр