Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Бародараш қарздор аст: оё метавонад аз ҳисоби закот ба ӯ кӯмак кунад?

Таърихи нашр : 28-01-2026

Мушоҳидаҳо : 50

Савол

Бародари ман кор мекунад ва маош мегирад, аммо бар дӯши ӯ маблағи калонест, ки бояд онро пардохт намояд. Оё барои ман ҷоиз аст, ки аз закоти молам ба ӯ бидиҳам?

Матни ҷавоб

Агар бародарат қарздор бошад ва маоши ӯ барои таъмини рӯзгори худ ва пардохти он маблағ басанда набошад, инчунин ӯ аз аҳли намоз бошад ва молро дар корҳое, ки писанди Аллоҳ нест, сарф накунад, пас ҳеҷ монеае нест, ки ба ӯ аз закоти молат бидиҳӣ.

Шайх Саъд Ал-Ҳумайд.

Зеро ӯ ба гурӯҳе дохил мешавад, ки Аллоҳ таъоло онҳоро дар қатори мустаҳиққони закот зикр кардааст:

وَالْغَارِمِينَ

سورة التوبة: ٦٠

«... ва қарздорон ...».   (Сураи Тавба: 60).

Аммо агар қарзи ӯ аз сабаби кори ҳаром, монанди рибо ё қимор бошад, пас қарзи ӯро напардоз, то он даме, ки ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба накунад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид