Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Ҳукми касоне, ки даъвати Ислом ба онҳо нарасидааст

Савол

Онҳое, ки дар дурдасттарин минтақаҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба куҷо мераванд: ба биҳишт ё ба дӯзах? Масалан, касоне, ки дар ҷангалҳо ва Қутби Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Ягон паёмбаре ба назди онҳо наомадааст ва ҳеҷ касе онҳоро аз вуҷуди Аллоҳ ё дини Ислом огоҳ накардааст.

Матни ҷавоб

Беҳтарин дидгоҳ дар мавриди ин гурӯҳи одамон ин аст, ки онҳо дар рӯзи қиёмат мавриди имтиҳон қарор мегиранд. Пас, ҳар касе, ки фармонро итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе, ки сарпечӣ намояд, ба дӯзах дохил мешавад. Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبْعَثَ رَسُولًا

سورة الإسراء: ١٥

«Ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем, то паёмбаре бифиристем».   (Сураи Исро: 15).

Сарчашма: "Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) 1/456