Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Табобати зан аз ҷониби мард

2152

Таърихи нашр : 13-10-2026

Мушоҳидаҳо : 7

Савол

Табобати зани мусалмон аз ҷониби табиб чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Асос (дар ин масъала) ин аст, ки агар табиби зан — мутахассиси соҳа — дастрас бошад, муоинаи зани бемор бояд аз ҷониби ӯ анҷом дода шавад. Агар чунин табиб дастрас набошад, муоина бояд ба зиммаи табиби зани ғайримусалмони боэътимод гузошта шавад. Агар чунин имконият ҳам набошад, табиби марди мусалмон метавонад зани беморро муоина кунад. Агар табиби марди мусалмон низ дастрас набошад, табиби марди ғайримусалмон метавонад ин корро анҷом диҳад.

Дар ин сурат, табиб бояд танҳо ҳамон қисмати бадани занро бинад, ки барои ташхис ва табобати беморӣ зарур аст, аз ин ҳад нагузарад ва то ҳадди имкон аз нигоҳ кардан ба ҷойҳои дигар худдорӣ намояд.

Ҳамчунин, барои пешгирӣ аз хилват (танҳо мондани марду зан дар макони танҳо), табобати зан аз ҷониби табиб бояд дар ҳузури маҳрами ӯ, шавҳараш ё зани боэътимод анҷом дода шавад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид