Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Истифодаи кремҳои бе бӯй ҳангоми эҳром

Савол

Оё истифода намудани мисвок, пастаи дандон, моддаҳои намноккунандаи пӯст ё кремҳои бе бӯй ҳангоми ҳаҷ мумкин аст?

Матни ҷавоб

Агар ин чизҳо бӯи хуш надошта бошанд, истифодаи онҳо манъ нест, зеро он чи дар ҳолати ихром мамнӯъ аст — бӯи хуш ё молидани чизе, ки бӯи хуш дорад, яъне атр.

Ибни Қудома дар мавриди маҳзуроти эҳром гуфтааст: агар бадан ё либосашро хушбӯй намояд (ё хушбӯӣ бимолад). Мақсад аз хушбӯй молидан: агар шахс ба пӯсташ чизеро ки бӯи хуш дорад, бимолад, ин ҷоиз намебошад, зеро он ба пӯст часпида, бӯи худро нигоҳ медорад.

Сарчашма: Ниг: "Аш-Шарҳу-л-мумтиъ"-и Ибни Усаймин, ҷилди 7, саҳ 158