Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Кадомаш беҳтар аст: дониш ё кори хона?

20004

Таърихи нашр : 24-09-2026

Мушоҳидаҳо : 47

Савол

Барои зани мусалмон кадомаш беҳтар аст: иҷрои вазифаҳои хона ва адои ҳуқуқи шавҳараш ё худро пурра ба талаби илм бахшидан ва барои анҷоми корҳои хона хизматгоре киро кардан?

Матни ҷавоб

Бале, бар зани мусалмон воҷиб аст, ки ба қадри тавонаш дар бораи дини худ дониш омӯзад. Аммо хидмат ба шавҳар, итоат аз ӯ ва тарбияи фарзандон низ аз вазифаҳои бисёр муҳим ва бузург ба шумор мераванд.

Пас, ӯ бояд ҳар рӯз, ҳатто агар муддати кӯтоҳе ҳам бошад, барои омӯзиши илм вақт ҷудо кунад ё ҳар рӯз фурсати кӯтоҳеро ба мутолиа ихтисос диҳад ва вақти боқимондаи худро ба корҳои рӯзмаррааш сарф намояд. Яъне, на омӯзиши амиқи дини худро тарк кунад ва на аз иҷрои корҳои хона ва тарбияи фарзандонаш даст кашида, онҳоро ба хизматгорзан вогузор кунад.

Ӯ бояд дар ин масъала миёнаравиро риоя кунад: барои омӯзиши амиқи дин, ҳатто агар муддати кӯтоҳе ҳам бошад, вақт ҷудо намояд ва барои анҷоми корҳои хона низ ба қадри кофӣ вақт бигузорад.

Сарчашма: Шайх Солеҳ Ал-Фавзон дар китоби "Ал-Фатово-л-ҷомиъату ли-л-маръати-л-муслима", ҷилди 3, саҳ. 1085