Шанбе 27 Рабиъу-л-охир 1448 - 10 Октябр 2026
Тоҷикӣ

Миёни рӯза ва гирифтани нохунҳо ё тарошидани мӯи зери ноф ҳеҷ гуна иртибот вуҷуд надорад

Савол

Оё дуруст аст, ки шахси рӯзадор набояд нохунҳояшро бигирад ё мӯи зери нофашро тарошад?

Матни ҷавоб

Ин амалҳо аз ҷумлаи корҳое нестанд, ки махсус барои рӯзадор воҷиб гардида бошанд. Ҳамчунин онҳо аз ҷумлаи чизҳое ҳам нестанд, ки бо рӯза мухолифат дошта бошанд. Зеро рӯзадор танҳо аз хӯрдан, нӯшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ мекунад, ки инҳо аз шиканандаҳои рӯза ба шумор мераванд.

Инчунин ӯ аз гуноҳон ва амалҳои мункар, монанди ғайбат ва суханчинӣ, парҳез менамояд, ки онҳо аз камкунандагони савоби рӯза мебошанд.

Аммо гирифтани нохунҳо ва тарошидани мӯи зери ноф аз ҷумлаи суннатҳои фитрат ба шумор мераванд. Шариат барои боқӣ мондани онҳо муҳлати чиҳил рӯзро муайян кардааст.

Аз ин рӯ, миёни дурустии рӯза ва ин амалҳо ҳеҷ гуна иртиботе вуҷуд надорад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид