Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман духтури мутахассис ҳастам ва субҳҳо дар як беморхонаи давлатии донишгоҳӣ кор мекунам. Дар ҷараёни вақти кор баъзан фурсатҳои холӣ пеш меоянд. Оё метавонам дар чунин вақтҳо аз роёна (компютер)-и беморхона барои омода кардани лексияҳо ва баъзе таҳқиқоти илмӣ истифода барам, ё ин амал истифодаи роёна барои мақсадҳои шахсӣ ба ҳисоб меравад?
Агар ин корро дар вақти холии худ анҷом диҳед, ба гунае ки боиси хастагӣ нашуда, ба иҷрои вазифаҳои хизматиатон таъсир нарасонад ва ҳамчунин ҳангоми он чизе аз моли умумӣ (яъне молу мулки давлатӣ), аз қабили коғаз ва монанди он, масраф нашавад, пас анҷом додани чунин кор ҳеҷ ишколе надорад.
Ва Аллоҳ донотар аст.