Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Сафар намудани зан бо зани дигар бе маҳрам

08-05-2025

Савол 9370

Оё зан барои зани бегона дар сафар ва монанди он маҳрам ҳисоб мешавад ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Зан барои зани дигар маҳрам ҳисобида намешавад. Маҳрам танҳо марде мебошад, ки издивоҷ бо ӯ ба таври доимӣ ҳаром аст, мисли падар ва бародар аз рӯи насаб ё мисли шавҳар, падари шавҳар ва писари шавҳар ба сабаби мубоҳ ва мисли падару бародари ширхорагӣ ва монанди онҳо.

Барои мард ҷоиз нест, ки бо зани бегона (номаҳрам) танҳо бимонад ё бо ҳамроҳи ӯ сафар бикунад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Зан набояд сафар бикунад магар бо ҳамроҳи маҳрам». Муттафақун алайҳ.

Ҳамчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Мард набояд бо зане танҳо бимонад, магар ин ки шайтон шахси саввуми онҳо хоҳад буд». Ривояти Имоми Аҳмад ва дигарон, бо санади саҳеҳ аз ҳадиси Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод).

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Маҳрам барои зан дар сафар
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб