Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Фурӯши мурғи зинда бо вазн чӣ ҳукм дорад?

02-12-2025

Савол 901

Ҳукми фурӯхтани мурғҳои зинда бо вазн чӣ гуна аст? Ва ҳукми фурӯхтани сирко, ки дар он 6% спирт мавҷуд аст, чӣ гуна мебошад?

Матни ҷавоб

Аввал:

Фурӯхтан ё харидани мурғ бо тарозу (бо вазн) ҷоиз аст. Ин асл аст ва мо ягон далеле бар хилофи ин намедонем.

Дувум:

Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки ӯ мефармояд:

«Ҳар чизе, ки дар миқдори зиёди он масткунанда бошад, пас миқдори ками он ҳам ҳаром аст».   (Аҳмад  ин ҳадисро дар китоби "Муснад" 2/91, 167, 179; 3/343 ривоят кардааст).

Агар миқдори зиёди сирко маст кунад, пас камаш ҳам ҳаром ва ҳукмаш монанди май (шароб) мебошад. Аммо агар миқдори зиёди он масткунанда набошад, пас фурӯхтан, харидан ва нӯшидани он ҳеҷ ишколе надорад".

Поёни сухан аз китоби "Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-ифто" (13/47).

Барои фоидаи бештар лутфан ба ҷавоби саволи (фурӯши ҳайвонот бо вазн) нигаред.

Нӯшокиҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб