Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Садақа дар даҳаи охири Рамазон

23-02-2026

Савол 37720

Оё садақа додан дар даҳаи охири моҳи Рамазон бартарӣ дорад, ё вижагии ин шабҳо танҳо ба зинда доштани онҳо бо намозу зикр маҳдуд мебошад?

Матни ҷавоб

Он чи аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи зинда доштани даҳаи охири Рамазон ворид шудааст, ин аст, ки он шабҳоро бо намозу зикр зинда медошт.

Садақа дар моҳи Рамазон аз садақа дар дигар моҳҳо бартарӣ дорад, вале аз суннат далеле намедонем, ки бар бартарии махсуси садақа додан дар даҳаи охир далолат кунад.

Аммо уламо ёдовар шудаанд, ки ҳар амали солеҳ ҳар қадар дар замони пурфазилат воқеъ гардад, ҳамон андоза бартарӣ меёбад. Бе шак, шабҳои даҳаи охири Рамазон аз дигар шабҳо афзалтаранд, зеро дар миёни онҳост Шаби Қадр, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст.

Ба ҳар сурат, барои мусалмон машрӯъ он аст, ки дар тамоми моҳи Рамазон садақаро бештар намояд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саховатмандтарин мардум буд ва дар моҳи Рамазон аз дигар моҳҳо саховатмандтар мешуд.   Инро Бухорӣ (6) ва Муслим (2308) ривоят кардаанд.

Аллоҳ донотар аст.

Амалҳое, ки барои рӯзадор мустаҳаб аст
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб