Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё бар падар воҷиб аст, ки хароҷоти ҳаҷҷи фарзии фарзанди фақирашро таъмин намояд? Ва оё бар фарзанд воҷиб аст, ки хароҷоти ҳаҷҷи фарзии падари камбағалашро таъмин кунад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин саволро ба Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин пешниҳод кардам ва ӯ чунин посух дод:
Ин амал воҷиб нест, зеро тавоноӣ шарти ибодат аст. Тавоноӣ аз ҷониби дигарон нест. (Балки бояд аз ҷониби худи шахс бошад). Аз ин рӯ, бар ягон тараф барои дигаре чизе дар ин маврид воҷиб нест. (Яъне барои ҳеҷ яке аз онҳо воҷиб нест, ки хароҷоти ҳаҷҷи фарзии дигареро таъмин намояд). Аммо агар падар аз фарзанди тавонояш хароҷоти ҳаҷро талаб кунад, қабул намудани ин талаб ҳамчун як навъ эҳтиром ва некии фарзанд ба волидайн ба ҳисоб меравад, ки ба он амр шудааст ва аз ин лиҳоз, чунин амал воҷиб мешавад.
Аллоҳ донотар аст.