Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми вузӯ гирифтан бо оби олудае, ки наҷис (нопок) нест

14-09-2026

Савол 3427

Ҳукми вузӯ гирифтан бо оби олудае, ки наҷис (нопок) нест, чӣ гуна аст?

Матни ҷавоб

Шайх Абдуллоҳ ибни Маниъ ба ин савол чунин посух додааст:
Аз ҷумлаи қоидаҳои Шариъат ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст: «Ба худ ва ба дигарон зарар расонидан ҷоиз нест».

Бар асоси ин қоида, барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба худ зарар расонад. Аз ҷумла, истифодаи оби олуда барои вузӯ низ ҷоиз нест.

Аз ин рӯ, бо оби олуда вузӯ гирифтан ҳаром аст. Аммо агар шахсе бо чунин об вузӯ гирад, вузӯяш саҳеҳ мебошад, зеро он об наҷис (палиду нопок) нест, вале чунин амал ба далели зарао расонидан ба худ ҳаром мебошад.

Ва Аллоҳ донотар аст.

Вузӯ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб