Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман ба бемории рӯҳонӣ гирифторам ва барои шифо ёфтан бояд субҳи барвақт, дар ҳолати меъдаи холӣ, миқдори зиёде аз оби руқяшударо бинӯшам. Оё барои ман ҷоиз аст, ки дар моҳи Рамазон рӯзаамро боз кунам, бо дарназардошти он ки дар ҳамин моҳ имтиҳон месупорам ва ин беморӣ ба муваффақияти ман халал мерасонад?
Ҳар беморе, ки рӯза гирифтан барояш душвор бошад, ё рӯза сабаби дертар шифо ёфтани ӯ гардад, ё тибқи тавсияи пизишки ҳозиқ (ботаҷриба) муолиҷаи ӯ талаб кунад, ки дору ё табобатро дар рӯз бигирад, барои чунин бемор ҷоиз аст, ки дар моҳи Рамазон рӯзаашро боз намояд. Бар ӯ воҷиб аст, ки қазои рӯзҳои бозкардаи худро дар рӯзҳои дигар анҷом бидиҳад
Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
(سورة البقرة: ١٨٥).
«Пас ҳар касе аз шумо бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Қуртубӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар тафсири худ (2/276) мегӯяд:
"Аксарияти донишмандон гуфтаанд: агар инсон ба беморие гирифтор бошад, ки ӯро дард диҳад ва озор расонад, ё аз идома ёфтани он бим дошта бошад, ё аз афзоиш ёфтани он битарсад, барои ӯ боз кардани рӯза дуруст аст". Поёни сухан.
Шояд рӯза дар табобати бемории шумо судманд бошад, зеро рӯза роҳҳои ҷараёни хунро бар шайтонҳо танг мегардонад.
Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар тафсири худ (1/364) мегӯяд:
"Шояд парҳезгор гардед; зеро дар рӯза поксозии бадан ва танг кардани роҳҳои шайтон вуҷуд дорад". Поёни сухан.
Рӯзадор метавонад оби руқяшударо бар меъдаи холӣ ҳангоми ифтор бинӯшад; лозим нест, ки ҳатман субҳгоҳон бошад.
Аз ин рӯ, ба назари мо ин узр сабабе нест, ки боз кардани рӯза дар рӯзонаи моҳи Рамазонро ҷоиз гардонад.
Аллоҳ донотар аст.