Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Гирифтани маблағ барои анҷоми ҳаҷ аз номи шахси дигар

26-05-2026

Савол 26978

Шавҳарам — раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод — вафот кардааст. Мехоҳам, иншааллоҳ, шахсеро вазифадор намоям, то имсол аз номи ӯ фаризаи ҳаҷро адо намояд. Оё барои шахсе, ки аз номи ӯ ҳаҷ мекунад, ҷоиз аст, ки ғайр аз хароҷоти роҳ, ғизо, хӯрдану нӯшидан ва дигар масрафҳо, барои заҳмату машаққати худ низ маблағе бигирад ё не?

Матни ҷавоб

Барои шахсе, ки аз ҷониби дигаре барои анҷоми ҳаҷ вазифадор шудааст, ҷоиз аст маблағеро, ки барояш ҳамчун ҳаққи анҷоми ин ҳаҷ муайян шудааст, дарёфт намояд, ҳатто агар он аз хароҷоти роҳ, хӯрок, нӯшокӣ ва дигар ниёзҳое, ки барои адои ҳаҷ лозим аст, бештар бошад.

Ҳамчунин шоиста аст, ки мақсади ӯ аз ин амал танҳо ба даст овардани маблағ набошад, балки нияташ ширкат дар кори хайр ва анҷом додани ибодатҳое бошад, ки Аллоҳ таъоло дар Ҳарами Шариф барояш муяссар мегардонад.

Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Масъалаҳои гуногуни ҳаҷ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб