Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман 27-солаам ва ду сол боз дар ҷустуҷӯи ҳамсар ҳастам. Дар шаҳри мо духтарони мусалмон хеле каманд. Хонаводаам мехоҳанд, ки ман бо як духтари мусалмон издивоҷ бикунам, аммо ӯ на он қадар зиёд намоз мехонад ва ниқоб намепӯшад. Онҳо мегӯянд, ки ба хости Аллоҳ, пас аз он ки бо мо зиндагӣ кунад, тағйир меёбад. Мушкили ман дар он аст, ки дар шаҳри мо интихоби зиёд нест, зеро дар ин ҷо ҳамагӣ 1500 мусалмон зиндагӣ мекунанд. Оё шумо тавсия медиҳед, ки ман бо ин духтар издивоҷ кунам?
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) касонеро, ки қасди издивоҷ доранд, амр намудааст, ки дар интихоби ҳамсар ба зани диндор аҳаммияти бештар диҳанд. Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Зан ба хотири чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад: Барои молаш, барои насабаш, барои зебоияш ва барои диндорияш. Пас зани диндорро интихоб намо, дастонат хоколуд бод».
Зан дар тӯли тамоми умр ҳамдам, ҳамнишин ва ҳамсафари зиндагии инсон хоҳад буд, ӯ нигоҳбони хона ва масъули умури зиндагӣ мегардад, фарзандонро тарбия намуда, онҳоро роҳнамоӣ мекунад.
Пойбандӣ ба дин он сифати волоест, ки занро покдоман нигоҳ дошта, аз ҳар гуна корҳои ношоиста дур месозад. Аз ин рӯ, дар интихоби ҳамсар бояд ба занони соҳибдину тақводор таваҷҷуҳи вижа зоҳир гардад.
Ба назари ман, он чи барои ту муносибтар аст, ин мебошад, ки тавассути хонаводаат ё бархе аз маҳрамонат барои таъсир гузоштан бар ӯ кӯшиш намоӣ ва ӯро ба роҳи рост даъват кунӣ, то вазъияташ беҳтар шавад ва ба роҳи рост пойбанд гардад. Пас, агар ӯ ба роҳи рост пойбанд шуда, аҳволаш некӯ шавад, бо ӯ издивоҷ намо.
Дар акси ҳол, ба назари ман, беҳтар аст, ки дар ҷустуҷӯи ҳамсари дигар бошӣ, зеро ту итминон надорӣ, ки метавонӣ ба ӯ таъсир расонӣ; мумкин аст ӯ даъвати туро напазирад. Ҳамзамон эҳтимол дорад, ки худат зери таъсири ӯ қарор бигирӣ, зеро инсон — ҳарчанд ба дараҷаи баланди имон ва тақво расида бошад ҳам — башар аст ва ҳамеша дар баробари тағйир ва таъсирпазирӣ қарор дорад.