Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Қазои фаризаҳои исломӣ барои навмусалмон

09-08-2026

Савол 2195

Марде дар синни чилсолагӣ ба Ислом гаравид. Оё ӯ бояд намозҳоеро, ки пеш аз ин аз ӯ қазо шудаанд, адо намояд?

Матни ҷавоб

Шахсе, ки Исломро пазируфтааст, қазои намозҳо, рӯзаҳо ва закотҳоеро, ки дар замони куфр аз ӯ фавт шудаанд, адо наменамояд. Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُوا إِن يَنتَهُوا يُغْفَرْ لَهُم مَّا قَدْ سَلَفَ

سورة الأنفال: ٣٨

«Ба касоне, ки кофир шудаанд, бигӯ: агар (аз куфр) бозистанд, он чӣ гузаштааст, барояшон омурзида мешавад».   (Сураи Анфол: 38).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ислом он чиро, ки пеш аз он гузаштааст, аз байн мебарад».   Ин ҳадисро Муслим дар "Саҳиҳ"-и худ (121) ривоят кардааст.

Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳеҷ яке аз касоне, ки Исломро пазируфта буданд, дастур надодааст, ки ибодатҳоеро, ки дар давраи куфрашон аз даст дода буданд, қазо намоянд. Уламои исломӣ низ дар ин масъала иҷмоъ намудаанд.

Қазои намозҳои фавтшуда Даъвати ғайри мусулмонон
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб