Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Мусулмон набояд аз номи каси дигаре ҳаҷ бикунад, то он даме ки аз номи худ ҳаҷ накунад

19-05-2025

Савол 1463

Модарам дар оғози моҳи Рамазон вафот кард ва қабл аз ин фаризаи ҳаҷро анҷом надода буд. Барои ҳамин ман ният дорам, ки аз номи ӯ ҳаҷ кунам. Бояд қайд кард, ки ман аз номи худ ҳаҷ накардаам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонам, ки барои эҳсоси некатон нисбати модаратон ва барои кӯшиши некӣ кардан ва фоида расонидан ба ӯ пас аз маргаш ба шумо подош бидиҳад.

Аммо дар мавриди саволи шумо гуфтаниам, ки агар мусалмон бихоҳад аз номи шахси дигар ҳаҷ бикунад, пас бояд аввал аз номи худаш ҳаҷ карда бошад.
Далели он ҳадиси Ибни Аббос аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки мегуфт: "Лаббайка ъан Шубрума". Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Шубрума кист?» Он мард гуфт: Бародари ман ва ё хешованди ман аст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Оё аз номи худ ҳаҷ кардаӣ?» Гуфт: Не. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Аввал аз номи худ ҳаҷ кун, сипас аз номи Шубрума».   Абудовуд ин ҳадисро дар "Сунан"-и худ дар китоби Маносик, боби ҳаҷ кардан аз номи дигарон ривоят кардааст. Ин ҳадиси саҳеҳ аст.

Аз Аллоҳ мехоҳем, ки модаратро бубахшад ва ӯро вориди раҳмати худ бигардонад. Аллоҳ ёвари парҳезгорон аст.

Ҳукми ҳаҷҷу умра Хатоҳое, ки баъзе аз ҳоҷиён ва умракунандагон ба он воқеъ мешаванд
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб