Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё касе, ки аз шиддати беморӣ рӯзаашро боз мекунад, гуноҳкор мешавад?

03-03-2026

Савол 130864

Духтари мусалмоне — алҳамдулиллоҳ — ки рӯза медорад ва намоз мегузорад, дар яке аз рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон ба бемории шадиде гирифтор шуд, ба ҳадде ки наздик буд ҷони худро аз даст диҳад. Аз шиддати беморӣ рӯзаашро боз кард. Ӯ мепурсад: оё барои ин амалаш гуноҳе бар ӯ навишта мешавад?

Матни ҷавоб

"Бар ӯ ҳеҷ гуноҳе нест, балки ӯ савоб мегирад. Зеро ҳар гоҳ инсон ба беморӣ гирифтор шавад ва рӯза гирифтан барояш душвор гардад, барояш ҷоиз ва машрӯъ аст, ки рӯзаашро боз намояд. Ва ӯ дар пазируфтани ин рухсат савоб хоҳад гирифт.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

ومَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ

(سورة البقرة: ١٨٥).

«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад».   (Сураи Бақара: 185).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳамоно Аллоҳ дӯст медорад, ки рухсатҳои Ӯ пазируфта шаванд, ҳамон гуна бад мебинад, ки нофармонии Ӯ анҷом дода шаванд».

Ҳар гоҳ инсон рухсати шаръиро ба хотири итоати Аллоҳ таъоло ва амал ба он чи Ӯ машрӯъ гардонидааст, бипазирад, савоб хоҳад гирифт ва бар ӯ ҳеҷ гуноҳе нест.

Эй хоҳари саволкунанда, барои боз кардани рӯза ба сабаби беморӣ бар ту ҳеҷ ҳарҷе нест". Поёни сухан.

Рӯзаи бемор
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб