Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Дуо барои умри дароз

26-08-2025

Савол 12372

Оё дуо кардан барои умри дароз ҷоиз аст ва ё умри инсон чизест, ки аз қабл дар тақдир навишта шудааст ва аз ин рӯ, дуо кардан барои дароз шудани он ягон фоидае надорад?

Матни ҷавоб

Дар ин кор ҳеҷ боке нест, аммо беҳтар аст, ки ба дуо, чизеро ки ба инсон фоида меорад, илова карда шавад, масалан бигӯяд: "Аллоҳ умри шуморо дар тоати худ дароз бикунад" ё "дар хайр" ё "дар он чи ки Аллоҳро хушнуд месозад".

Маълум аст, ки дуо ба тақдири Аллоҳ мухолифат намекунад, баръакс он аз тақдир аст, мисли дору, руқия ва ғайра.

Ҳар василае, ки хилофи шариъати Аллоҳ нест, аз тақдир аст.

Тақдири Аллоҳ иҷро мешавад — ҳам нисбат ба бемор ва ҳам нисбат ба солим, ҳам нисбат ба касе, ки барои ӯ дуо карда мешавад ва ҳам нисбат ба касе, ки барои ӯ дуо карда намешавад. Аммо Аллоҳ таъоло ба истифодаи василаҳову сабабҳои шаръӣ ва ҷоиз амр кардааст, сипас Ӯ ҳар чизеро, ки бихоҳад, қарор медиҳад. Ҳамаи он аз тақдири Аллоҳ аст.

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Дуо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб