Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Дар интернет сайтҳо ва анҷуманҳое вуҷуд доранд, ки зеркашӣ кардани китобҳои ройгонро пешниҳод мекунанд. Мутолиа намудани ин сайтҳо ва чоп кардани саҳифаҳое, ки ман мехоҳам, хоҳ барои омӯзиш бошад ё пажӯҳиш ва ё мутолиа, чӣ ҳукм дорад?
Мутолиа намудани китобҳо ва сайтҳо дар интернет, зеркашии китобҳои иҷозатшуда ё зеркашии бахшҳое аз онҳо барои омӯзиш, пажӯҳиш ё барои ҷамъи маълумот ишколе надорад. Ҳангоми иқтибос аз он дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ манбаъ бояд зикр шавад.
Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (38847) нигаред.
Аллоҳ донотар аст.