Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Меъёр ният аст, ҳатто агар забон ба иштибоҳ роҳ диҳад

08-06-2026

Савол 109351

Ҳангоми бастани эҳром нияти ман чунин буд:

"عُمْرَةً مُتَمَتِّعًا بِهَا إِلَى الْحَجِّ".

"Умратан мутаматтиъан биҳо ила-л-ҳаҷҷ".
(Умраи таматтуъ то ҳаҷ).

Аммо ҳангоми талаффуз иштибоҳан гуфтам:

"حَجًّا مُتَمَتِّعًا بِه إِلَى الْعُمْرَةِ".

"Ҳаҷҷан мутаматтиъан биҳи ила-л-умра".
(Ҳаҷҷи таматтуъ то умра).
Дар ҳоле ки амали ман бар асоси ният анҷом шуд, на бар асоси он чи ба забон овардам. Ҳукми ин амал ва ин ҳаҷ чист? Оё эътибор ба ният аст ё ба лафз?

Матни ҷавоб

"Агар он чи ба забон овардаед, лағзиши забон бошад ва аз ҷониби шумо қасдан гуфта нашуда бошад, пас он ҳеҷ таъсире надорад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳамоно амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва ҳар шахс танҳо он чизеро ба даст меорад, ки ният кардааст».   Ривояти Бухорӣ (1) ва Муслим (1907).

Пас, агар нияти шумо ин буд, ки бо умра эҳром бибандед, то онро бо ҳаҷ якҷо анҷом бидиҳед, аммо иштибоҳан гуфтед: “Бо ҳаҷ эҳром бастам, ки онро бо умра якҷо анҷом медиҳам” ва ё суханони ба ин монанд, ин ба шумо зарар намерасонад. Зеро эътибор ба он чизест, ки дар дил аст ва лағзиши забон, ки бар хилофи қасди инсон сурат мегирад, ҳеҷ таъсире надорад. Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/20).

Масъалаҳои гуногуни ҳаҷ
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб