Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ӯ мусалмон шуд, сипас аз рӯи нодонӣ яке аз навоқис (шиканандаҳо)-и Исломро анҷом дод

08-10-2025

Савол 106506

Агар кофире ба Ислом дарояд, сипас аз рӯи нодонӣ яке аз шиканандаҳои Ислом аз ӯ содир шавад, бо ӯ чӣ гуна бояд рафтор кард? Оё ӯ бояд Исломашро нав кунад?

Матни ҷавоб

"Бо ӯ бо беҳтарин ваҷҳ рафтор карда шавад ва ба ӯ фаҳмонида шавад, ки ин амал яке аз навоқиз ва шиканандаҳои Ислом аст. Аммо ниёзе нест, ки Исломи худро нав бикунад, зеро ин амалеро, ки ӯ анҷом додааст, аз рӯи ноогоҳӣ ва бехабарӣ аст.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّى نَبْعَثَ رَسُولًا

(سورة الإسراء: ١٥).

«Ва Мо (ягон қавмеро) азоб намекунем, то он ки паёмбаре бифиристем».   (Сураи Исро: 15).
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَا كُنَّا مُهْلِكِي الْقُرَى إِلَّا وَأَهْلُهَا ظَالِمُونَ

(سورة القصص: ٥٩).

«Ва Мо ҳаргиз шаҳрҳоро нобуд накардем, магар он, ки мардумаш ситамкор будаанд».   (Сураи Қасас: 59).

Он ки ҷоҳил аст, золим шумурда намешавад, зеро ӯ қасдан гуноҳ накардааст, хусусан агар ба Ислом нав даромада бошад". Поёни сухан.

Ҷаноби Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
"Ал-Иҷоботу ъало асъилати-л-ҷолиёт" (1/32, 33).

Таклиф
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб