Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Чӣ гуна аз гуноҳон халос шавам?

03-09-2026

Савол 10280

Саволи ман ин аст: чӣ гуна метавонам аз гуноҳон халос шавам? Ман дар Ислом фарқи дурусту нодурустро медонам.

Матни ҷавоб

Ҳангоме ки Аллоҳ таъоло гуноҳонро бар банда ҳаром гардонд, ӯро ба ҳоли худ вогузор накард, балки ба фазлу карами Худ василаҳоеро фароҳам овард, ки ба ӯ барои тарки гуноҳон ёрӣ мерасонанд. Аз ҷумлаи ин василаҳои ёрирасон инҳоянд:

1- Тақвияти имон ба Аллоҳ таъоло ва тарс аз Ӯ.

2- Муроқибати ҳамешагии Аллоҳ таъоло ва дар дил ҳозир доштани ин ҳақиқат, ки Ӯ ҳамроҳи банда аст, ӯро мебинад ва ҳар амале, ки анҷом медиҳад, барояш сабт мегардад.

3- Муқоиса намудани лаззати зудгузари гуноҳ, ки ба зудӣ поён меёбад, бо ҷазои гуноҳкор дар рӯзи қиёмат ва подоши касе, ки аз гуноҳ худдорӣ кардааст.

4- Аз василаҳое, ки инсонро ба гуноҳ мекашанд, дурӣ ҷустан; аз ҷумла, аз нигоҳи ҳаром, дӯстони бад ва рафтуомад ба маконҳои гуноҳ.

5- Ба ҳамнишинӣ ва дӯстӣ бо инсонҳои солеҳу некӯкор таваҷҷуҳи бештар зоҳир

Тавба
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб