Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё пардохти закоти фитр ба хонаводаи ниёзманди ҳамсар ҷоиз мебошад?

16-03-2026

Савол 81178

Оё дар ҳолати ниёзманд будани хонаводаи ҳамсар ба мол, пардохти закоти фитр ба онҳо ҷоиз мебошад?

Матни ҷавоб

Закоти фитр ба фақирону мискинон дода мешавад, бар асоси гуфтаи Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод), ки фармудааст:

«Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро барои поксозии рӯзадор аз гуфтори беҳуда ва рафтори ношоиста ва низ ҳамчун ғизо барои мискинон фарз гардонд».

Ин ҳадисро Абуовуд (1609) ривоят кардааст ва Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/126) ва Албонӣ дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" онро ҳасан шуморидаанд.

Бинобар ин, агар хонаводаи ҳамсар аз ҷумлаи фақирон ва мискинон бошанд, додани закоти фитр ба онҳо ҳеҷ ишколе надорад. Балки додани он ба онҳо нисбат ба дигарон беҳтар аст, зеро хешовандони ҳамсар ба хотири эҳтиром ба ҳамсар ва некиву эҳсон нисбат ба ӯ, ҳаққи таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ доранд.

Шайх Ибни Усаймин (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар китоби "Нурун ъала-д-дарб" (682) гуфтааст:

"Бешубҳа, хешовандони ҳамсар ҳаққе доранд, ки дигарон, ки чунин нисбат надоранд, аз он бархӯрдор нестанд". Поёни сухан.

Аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло умедворем, ки бароятон ҳам савоби садақа ва ҳам савоби риояи пайванди хешутаборӣ ва некиву эҳсон нисбат ба хонаводаи ҳамсарро ато фармояд.

Аллоҳ донотар аст.

Масрафҳои закот Закоти фитр
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб