Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Мусалмоне, ки манзил (квартира) ё хонаи худро ба кофире иҷора бидиҳад, дар ҳоле бидонад, ки он кофир бо эҳтимоли зиёд дар он ҷо шароб менӯшад, гӯшти хук мехӯрад ё баъзе мӯътақадоти куфрии худро анҷом медиҳад, ин амал чӣ ҳукм дорад?
Имом Сарахсӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Ҳеҷ боке нест, ки мусалмон хонаашро ба зиммӣ барои истиқомат иҷора бидиҳад. Агар ӯ дар он ҷо шароб бинӯшад, ё салибро ибодат бикунад, ё хукҳоро ба он ҷо оварад, мусалмон ба хотири ҳеҷ яке аз ин амалҳо гуноҳкор намешавад, зеро ӯ хонаашро барои ин амалҳо иҷора надодааст. Гуноҳ бар дӯши иҷорагир аст, ки ин корҳоро бе нияти соҳиби хона анҷом додааст, бинобар ин, дар ин амал бар соҳиби хона гуноҳе нест. Поёни сухан аз китоби "Ал-Мабсут" 16/39.