Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Истифода намудани таҷҳизоти тиббӣ ё ташхиси ултрасадоӣ барои муайян кардани ҷинси кӯдак дар батни модар чӣ ҳукм дорад?
Саволи зеринро ба Шайхи бузургвор Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин пешниҳод кардем. Ӯ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух гуфт:
Дар ин кор ҳеҷ боке нест, магар ин ки барои он хароҷоти бисёр гарон лозим шавад. Дар ин сурат метавон гуфт, ки чунин кор исрофи мол аст, зеро донистани ҷинси ҷанин, ба ҷуз шодмонӣ аз огоҳӣ ёфтан аз ҷинси ӯ, натиҷаи дигаре надорад. Пас, агар донистани ҷинси ҷанин танҳо бо хароҷоти бисёр гарон имконпазир бошад, ин исрофи мол ба шумор меравад ва ҷоиз нест.
Аллоҳ донотар аст.