Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Агар аз номи дигар кас ҳаҷ кунад, оё фазилатҳои ҳаҷро ба даст меорад?

30-04-2025

Савол 45766

Агар инсон аз номи дигар кас ҳаҷ кунад, оё (мукофоти) он чизеро, ки паёмбар дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод (дар ҳадиси зерин) зикр кардааст, дарёфт мекунад: «Касе, ки ҳаҷ кунад ва аз ҳамбистарӣ ва муқаддамоти он худдорӣ намояд (ва бадгӯӣ накунад) ва муртакиби гуноҳе нашавад, ба монанди рӯзе, ки модараш ӯро таваллуд кардааст, (яъне пок аз гуноҳон) бармегардад»?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҷавоби ин савол аз ин чиз вобаста аст: Оё ин шахс аз номи худ ҳаҷ кардааст ё аз номи каси дигар?

Ҷавоб:

Ӯ аз номи каси дигар ҳаҷ намудааст ва аз номи худ ҳаҷ накардааст, бинобар ин, он савоберо, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зикр кардааст, ба даст намеорад, зеро ӯ ҳаҷро аз номи дигар кас анҷом додааст. Аммо агар бо нияти кӯмак ба бародараш ва баровардани эҳтиёҷоти ӯ ҳаҷ кунад, Аллоҳ таъоло ба ӯ савоб медиҳад, иншоаллоҳ. Поёни сухан.

Масъалаҳои гуногуни ҳаҷ Фазоили аъмол
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб