Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Солҳо пеш ман ҳамроҳи шахсоне, ки онҳоро намешинохтам, дар сафар будам. Мо хостем пулеро ба асъори дигар иваз кунем. Яке аз онҳо ба ман маблағе дод, то онро барояш иваз намоям. Ман он маблағро иваз карда, онро барои хароҷоти хонаводаам сарф кардам. Вақте ӯ маблағашро аз ман талаб кард, ман ӯро аз назди худ рондам.
Ҳоло, шукр ба Аллоҳ таъоло, тавба кардаам, вале он мардро намешиносам ва аз макони будубошаш низ огоҳ нестам. Дар чунин вазъият чӣ бояд кунам?
Агар воқеият ҳамон тавре бошад, ки шумо баён кардед, пас шумо амали ношоиста анҷом дода, муртакиби гуноҳи бузурге шудаед. Аз ин рӯ, бар шумо лозим аст, ки ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба кунед, аз Ӯ омурзиш бихоҳед ва бо ҷиддият ва азми қавӣ соҳиби маблағро ҷустуҷӯ намоед.
Агар ӯро пайдо кардед, аз ӯ бахшиш пурсида, маблағи зикршударо ба ӯ баргардонед.
Агар ӯро пайдо карда натавонед, вориси ӯро ҷустуҷӯ намуда, маблағро ба ӯ супоред.
Ва агар вориси ӯро низ пайдо карда натавонед, он маблағро ба нияти он ки савобаш ба соҳиби аслиаш бирасад, садақа диҳед.
Агар баъд аз он, соҳиби маблағ ё ворисони ӯро пайдо кардед, воқеаро ба онҳо шарҳ диҳед. Агар онҳо розӣ шаванд, пас мақсад ҳосил шудааст. Вале агар розӣ нашаванд, ҳаққи онҳоро пурра пардохт кунед. Дар ин сурат, савоби садақа аз они шумо хоҳад буд.
Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.