Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Агар донишҷӯ дар имтиҳон фиреб карда, бо ҳамин сабаб аз имтиҳон гузараду шаҳодатнома (диплом) бигирад, сипас бо ҳамон шаҳодатнома кор бикунад ва маош бигирад, оё ин маош ҳалол ҳисобида мешавад? (Лутфан ба назар гиред, ки ӯ наметавонад дубора имтиҳон супорад, зеро солҳои зиёд гузаштааст ва ҳама чиз тағйир ёфтааст). Барои кофораташ чӣ бояд кунад?
Агар донишҷӯ дар имтиҳон фиреб карда, ба сабаби он фиреб (аз имтиҳон) гузараду шаҳодатнома бигирад, бо он шаҳодатнома кор бикунад ва дар кораш комёб шавад ва аз байн солҳо гузашта бошад, пас бояд ӯ тавба бикунад, аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳад ва аз он коре, ки дар гузашта кардааст, пушаймон шавад. Зеро Аллоҳ бахшанда аст.
Касе ки аз гуноҳ тавба мекунад, мисли касест, ки гуноҳе надорад.