Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё агар инсон оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон кунад, масалан автомобилро аз суръати муайяншуда каме тезтар биронад, ишораҳоро истифода набарад, аз таваққуфгоҳ дуруст набарояд ва ё байни мошини худ ва мошини дар пеш ҳаракаткардаистода масофаи кофиро нагузорад, гунаҳкор мешавад? Оё ин қоидаҳоро ба таври комил бояд риоя кард? Ё ин ки кӯчактарин қонуншиканӣ ба хотири нофармонӣ аз ҳоким гуноҳ ҳисобида мешавад?
Ҳар чизе, ки барои мусалмон ё мусалмонон зарар оварад, Шариъат онро манъ мекунад. Агар қоидаҳои ҳаракати роҳ ба ин чиз кӯмак кунанд, пас бояд риоя карда шаванд.
Аллоҳ донотар аст.