Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад тавассути занон

22-05-2025

Савол 21644

Оё барои зан дуруст аст, ки ҳангоми бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад рӯяшро кушояд, дар ҳоле ки дар наздаш мардҳо ҳастанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад ҳангоми тавоф суннати муаккада мебошад. Он яке аз суннатҳои тавоф ба ҳисоб меравад, ба шарте ки ин амал беиздиҳом ва бидуни озор додани дигарон анҷом дода шавад, бо пайравӣ аз амалкарди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод).
Агар танҳо бо издиҳом ва озор додани дигарон имкони бӯсидан вуҷуд дошта бошад, пас анҷом додани он лозим нест. Дар ин ҳолат, ишора кардан ба он бо даст кифоя аст, бахусус барои занон, зеро зан аврат аст ва издиҳом барои мардон номашрӯъ аст, пас барои занон номашрӯътар аст.
Агар барои зан бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад беиздиҳом муяссар шавад, пас дар ин ҳолат барои ӯ ҷоиз нест, ки рӯи худро кушояд, зеро дар он ҷо мардоне ҳузур доранд, ки барои ӯ маҳрам нестанд.

Ҳаҷҷи зан
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб